11 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тунис сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ нусхаи эътимодномаро ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тунис (бо қароргоҳ дар Риёз) ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тунис Муҳаммал Алӣ Ан Нафтӣ тақдим кард.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Тунис ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуданд. Инчунин ҷонибҳо атрофи қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan