11–12 сентябри соли 2025 дар Душанбе зери раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон дар қолаби кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардиданд.
Иштирокдорон вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири онро ба минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баррасӣ намуда, инчунин дар бораи ҳамкорӣ бо Афғонистон ҷиҳати таъмини амният, субот ва рушди устувор дар ин кишвар мубодилаи маълумот карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории амалии муштарак ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар Афғонистон ва минтақа таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan