Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада 28 марти соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Остона) ҷаноби Кристофер Дагган (аз соли 2025) мебошад.
Аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои ҳарду кишвар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Канада ҷаноби Ҷастин Трюдо (21 сентябри соли 2017) дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Канада хонум Кристиа Фриланд 7 декабри соли 2017 дар шаҳри Вeнаи Австрия дар ҳошияи иҷлоси 24-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА, инчунин гуфтугӯйҳои телефонии вазир бо ҳамтоёни канадагияш Франсуа-Филипп Шампан (8 июни соли 2020) ва Марк Гарно (6 сентябри соли 2021) ба таҳкими тамосу муколамаи созандаи ду кишвар дар сатҳи баланд мусоидат намуданд. Зимни мулоқотҳои мазкур масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ матраҳ шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳи хос дошта, ҳамагуна абзори муҳимро барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада дар соли 2023 нисбат ба нишондоди соли 2022 ба андозаи 1,9 баробар афзоиш ёфт.
Канада Тоҷикистонро тайи солҳои зиёд тариқи татбиқи лоиҳаву барномаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, ки аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Канада (CIDA) маблағгузорӣ мешуд, дастгирӣ намудааст.
Ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд.
11.03.2025