22 октябри соли 2025 сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Яап Ора ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Дар рафти мулоқот ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эстонияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Эстония дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan