22 октябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзеро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Марказ, аз ҷумла рафъи таҳдидҳо ва чолишҳои муосири амният, таъмини рушди устувор ва дастгирии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқлим табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan