27 октябри соли 2025 вохӯрии кории намояндагони мақомоти марбути кишвар бо ҳайати Италия таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия ҷаноби Федерико Файла ва намояндагони донишгоҳҳои Венетсия ва Болония баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи муколама дар қолаби С5+Италия мубодилаи афкор намуда, Нақшаи амал барои солҳои 2026–2027-ро баррасӣ карданд.
Дар ин росто таъсиси шабакаҳои мубодилаи афкор ва таҷриба миёни кишварҳои минтақа ва Италия дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, муқовимат ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва робитаҳои зич миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳо муҳим арзёбӣ гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan