23 октябри соли 2025 Шурои Иттиҳоди Аврупо бастаи дигари таҳримҳоро қабул кард, ки фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин феҳристи таҳримҳо амиқан нигарон буда изҳори таассуф мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan