1 ноябри соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо директори Академияи дипломатии ба номи Муҳаммад ибни Муборак Оли Халифаи Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Мунира бинти Халифа Оли Халифа мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои соҳаи дипломатия, мубодилаи таҷриба ва татбиқи барномаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии марбутаи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баён намуда, зарурати таҳкими робитаҳои мустақим миёни Маркази такмили ихтисоси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайнро таъкид намуданд.
Мулоқот дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии пурра баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan