Иштирок дар Нишасти 41-уми СОМСЕС

04.11.2025 16:43

3-4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 41-умин  Нишасти вазирони Кумитаи доимоамалкунандаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC) баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвар таҳти роҳбарии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи СҲИ, алалхусус барқарорсозии бахшҳои инфрасохтории Давлати Фаластин ва Сурия, татбиқи лоиҳаҳои нав, инчунин амалисозии тавсияҳои омоданамудаи Гурӯҳи кории COMCEC барои беҳтарсозии фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳукумати электронӣ, ба роҳ мондани низоми рақамӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои босифати ҳалол ва дигар мавзуҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим