Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ёвари котиби давлатии ШМА

05.11.2025 22:50

05.11.2025.22.33.jpg

3 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ШМА-ро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои нишасти сарони давлатҳо дар сиғаи C5+1 дар Вашингтон баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим