Қабул гардидани қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир"

06.11.2025 17:43

6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид.  

Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш”-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.

Ташаббуси мазкур тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ" ироа гардида буд, пешбарӣ шуд.

Қабул гардидани санади зикршуда ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад.

Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим