Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 18-уми декабри соли 1995 барқарор шуданд.
17-уми марти соли 2007 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) таъсис дода шуд. 20-уми апрели соли 2010 Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аввалин сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона таъйин намуд.
8-уми октябри соли 2010 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро аз ибтидои соли 2011 оғоз намуд.
16-уми августи соли 2024 Гулов Ашрафҷон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ таъйин гардид. Дар ҳоли ҳозир сафири фавқулодда ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ мебошад.
Нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ соли 1995 бо даъвати асосгузори Давлати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Зойид ибни Султон Оли Наҳайён анҷом гирифт. Дар ҳошияи сафари мазкур санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Инчунин, солҳои 2007 ва 2016 боздидҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифтанд. Зимни мулоқот дар сатҳи олӣ масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, 25-уми феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барпо шуд.
5-6-уми декабри соли 2023 ҳайати намояндагони Парлумони кишвар бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи ниҳодҳои парлумонӣ, ки дар шаҳри Дубай дар ҳошияи 28-умин иҷлоси Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҳошияи он ҳамоиш мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Сақр Ғоббаш доир гардид.
16 - 17-уми майи соли 2015 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифт.
25-уми майи соли 2017 вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Абдуллоҳ ибни Зойид Оли Наҳаён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Аввалин ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ моҳи марти соли 2017 дар ш. Душанбе ва нишасти дуюми он 5-уми марти соли 2019 дар ш. Абу Забӣ баргузор гардид.
Аз соли 2014 ба ин сӯ чаҳор ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ (майи соли 2014 дар ш. Абу Забӣ, апрели соли 2016 дар ш. Душанбе, декабри соли 2017 дар Абу Забӣ ва июли соли 2021 (дар шакли маҷозӣ) доир гардидааст.
Аз 1-уми январи соли 2022 шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бидуни раводид метавонанд ба Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз сафар намоянд. Ҳамчунин, аз 29 январи соли 2023 низоми рафтуомади бераводид миёни ду кишвар барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва махсус ба иҷро даромад.
04.03.2025