21 январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Венгрия фоҷеабор ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».