24 январи соли 2017 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тасдиқ шуд.
Мақсади қабули Қоидаҳои зикршуда дар таҳрири нав ин татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд таҳти №405 аз 13 июни соли 2015 ва мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид/раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.
Қоидаҳои тасдиқшуда ҷиҳати васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии таҳияи раводиди электронӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар тамоми қаламрави кишвар равона карда шудаанд.
Айни замон Шабакаи иттилоотии электронӣ ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Раводиди электронӣ ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои додани раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда шудааст. Дар баробари ворид намудани низоми мазкур тамоми муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо таҷҳизот ва барномаҳои махсус барои назорати вуруд/хуруҷ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ таҷҳизонида шуданд.
Барои ба расмиятдарории раводиди электронӣ шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо бо таври содда додани раводидро муайян намудааст (78 давлат), метавонанд тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.
Вазорати корҳои хориҷӣ тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри 2016 ироа намуданд, ҷихати зиёд намудани шумораи кишварҳое, ки бо тариқи содда раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас менамоянд, кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Инчунин, дар натиҷаи ислоҳоти мазкур ва татбиқи лоиҳаҳои зикршуда тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил ёфтанд. Таъсиси низоми ягонаи идоракунии давлатӣ ва пайвасти он бо низоми идоракунии раводид барои мустаҳкам намудани амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани таҳдидҳо ба мисли терроризм ва экстремизм, инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд. Боиси қайд аст, ки сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мебошад.
Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд, ки барои содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ шаҳрвандони Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Инчунин, ҳайати экипажи ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, бе раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ мешаванд. Ҳуччатҳои асос барои гирифтани раводиди “сармоягузорӣ” низ содатар ва фасеҳ шудаанд.
(Барои маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи интернетии www.visa.gov.tj муроҷиат намоед)
(Барои гирифтани раводиди электронӣ “e-Visa” https://www.evisa.tj)