Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд.
11 январи 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия расман ифтитоҳ гардидааст. 10 июли соли 2019 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cафири aавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ таъйин гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ду маротиба: 15 октябри 2003 сафари корӣ ва 22-25 июли 2014 сафари давлатӣ анҷом додаанд.
15 октябри 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 10-уми Созмони Конфронси Исломӣ озими пойтахти Малайзия шаҳри Куала Лумпур гаштанд. Зимни сафари мазкур Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар кишвари иқомат бо иштироки Пешвои Миллат асос гузошта шуд, ки он саҳифаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба боз намуд.
22-25 июни 2014 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия доир гардид, ки зимни он вохӯриҳои судманд бо роҳбарияти олии Малайзия, аз ҷумла Подшоҳ, Аълоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири онвақта, Тун Наҷиб Абдул Раззоқ, собиқ Сарвазири Малайзия Тун Маҳотир ибни Муҳаммад ва дигар ашхоси баландпоя баргузор гашта, 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзияро ташкил менамоянд.
19-20 майи соли 2010 ҳайати расмии Малайзия таҳти роҳбарии Дато Сри Моҳаммад Назри Абдул Азиз, вазири Дастгоҳи Сарвазири Малайзия ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ ба Душанбе ташриф овард.
Аз 22 то 24 декабри соли 2011 профессор Тан Сри Лим Кок Винг, Президенти Донишгоҳи «Лим Кок Винг» ба Душанбе ташриф овард. Зимни сафар профессор Лим Кок Винг бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ, вазири маориф ва бо вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
8 сентябри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳо ва пайгирии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни ин сафар ӯ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд анҷом дод.
13 сентябри соли 2019 аввалин машваратҳои дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия доир шуданд.
5-7 феврали соли 2020 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафари расмӣ озими шаҳри Куала Лумпур пойтахти Малайзия шуд. Зимни сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқотҳои судманд бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумон, Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Малайзия, ҳамчунин доираҳои соҳибкорӣ ва дигар намояндагони бахши хусусии он кишвар анҷом дод.
Соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро ба имзо расониданд. Тибқи он, ҳарду ҷониб ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмии ду кишвар розигии худро баён доштанд.
Ҳаҷми гардиши умумии мол байни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли 2023 – 3,7 миллион долллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондод куллан воридоти Малайзия ба Тоҷикистон аст.
Бо мақсади рушди тиҷорат миёни ду кишвар санаи 13 декабри соли 2018 нахустин ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор карда шуд, ки бешак чорабинии мазкур ба бунёди уфуқҳои навини ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ саҳми босазо гузошт.
Дипломатияи парлумонӣ ҳамчун механизми муассир ва боэътимоди таҳкими муносибатҳои дуҷониба эътироф шудааст. Дар ин росто, 9 ноябри 2020 мулоқоти маҷозии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Девон Ракияти Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун баргузор гардид. Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Соли 2014 «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ» ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи эҷодии техникии Лим Кок Винг ба имзо расидааст.
Донишгоҳи Сити Малайзия барои шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2018, 20 бурсияи таҳсилии якдафъаина ҷудо намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ин бурсия дар донишгоҳи мазкур ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Соли 2022 Донишгоҳи Ситии Малайзия бо маркази Барномаҳои Байналмилалии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон созишнома имзо намуд, ки тибқи он 50 бурсия барои курси омодагӣ (Foundation) пешниҳод хоҳад шуд.
Соли 2021 2 нафар ва соли 2022 17 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон соҳиби бурсияи донишгоҳи Ал-Бухории Малайзия гаштааанд ва қарор аст ин шумора соли оянда адад бештар гардад.
Малайзия дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои техникии Малайзия (МТСР) барои мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф курсҳои такмили ихтисос пешниҳод менамояд, ки аз соли 2006 то ин ҷониб зиёд аз 90 мутахассисони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи болозикр дар ин кишвар ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Имрӯз дар асоси санади ҳамкорӣ байни ду кишвар дар макотиби олии Малайзия зиёда аз 100 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Малайзия дар соҳаи туризм таҷрибаи шоистаро андӯхтааст. Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд, таҳия ва татбиқи барномаҳои омӯзишии кластери сайёҳи, табодули таҷриба дар ин соҳа ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Кушодани хатти мустақими алоқаи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Куала-Лумпур заминаи устувор ба ин раванд хоҳад гузошт.
Моҳи декабри соли 2018 дар Малайзия аввалин Форуми сайёҳии Тоҷикистону Малайзия баргузор гардид. Лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур дар баррасии ҷониби малайзиягӣ қарор дорад.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи варзиш соли 2014 ба имзо расидаст
Дар баррасии ҷонибҳо 15 санад дар самтҳои мухталиф қарор доранд.
20.11.2023