Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон

14.04.2014 13:40

14 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Хосэ Эуседаро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корӣ ба ҳайси Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолият ва ҳамкории ояндаи Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти ҷаноби Эуседа ва саҳми ӯ дар таъмини ҳимоя ва кӯмак расондан ба паноҳандагон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба фаъолияти минбаъдааш муваффақият орзу кард.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон

Нигористон

Тақвим