Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи 1992 роҳандозӣ шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18-уми июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Дар тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022, 2024 ва Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 ва 2025 сафар намудаанд.
Дар соли 2024 ду сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон ҷиҳати ширкат дар маросими видоъ бо С. Раисӣ – Президенти пешини ҶИЭ (22 май, 2024) ва иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти нави ҶИЭ М. Пизишкиён сурат гирифт.
Бояд зикр намуд, ки сафари давлатии Президенти тозаинтихоби Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 15-16-уми январи соли 2025 ба вуқӯъ пайваст. Зимни сафар 23 санади нави ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расидаанд.
Ҳамчунин, 8-9-уми январи соли 2024 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар доираи сафар, санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои байнипарлумонӣ, илмӣ, иқтисодӣ, байнишаҳрӣ ба имзо расидаанд.
17-19-уми феврали соли 2025 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вуқуъ пайваста, дар рафти он ӯ дар Конфронси сеюми иқтисодии баҳри Хазар иштирок кард.
Сафарҳои вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021, 2024 ва 2025 баргузор гардидаанд.
Байни ду кишвар беш аз 200 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар муносибатҳои дуҷониба дар соли 2024 лағви низоми раводид миёни ду кишвар ба шумор меравад.
24-уми ноябри 2025 сеюмин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.
Ҳамчунин 10-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳафтумин давраи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барпо шуд. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон - Фаррух Шарифзода ва Ваҳид Ҷалолзода роҳбарӣ карданд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 17 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст. 17-умин ҷаласаи комиссияи мазкур дар рӯзҳои 5-9-уми майи 2025 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар мизони табодули тиҷоратӣ. Солҳои охир рушди назарраси ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба мушоҳида мерасад.
Боиси зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаи Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Эрон ба Тоҷикистон (15-17 январи соли 2025) баргузор гардид, 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи 456 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон 438 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода нисбат ба солҳои қаблӣ 28% зиёд гаштааст.
Иртибототи ҳавоӣ байни ду кишвар аз тариқи парвозҳои доимиии ширкати ҳавопаймоии “Вориш”-и Эрон дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ва Машҳад-Душанбе-Машҳад фаъол буда, шурӯъ аз моҳи январи соли 2023 парвозҳои мустақими ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе роҳандозӣ гардид.
Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии "Вориш" теъдоди парвозҳои худро дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон изофа намуд ва дар ҳоли ҳозир дар ин масир ҳафтае 3 парвоз амалӣ мешавад.
Муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар солҳои ахир бомаром тавсеа меёбанд.
2-9-уми октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуданд. Дар ин замина 2 октябр ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 54 ба Теҳрон сафар карданд. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, лозим ба зикр аст, ки аз 30 октябр то 6 ноябри 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб доир шуданд.
Ҳамасола, ҷониби Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон фаъолона иштирок мекунад. Чунончи, 7-12-уми майи соли 2023 Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони вижа бо роҳбарии вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар намоишгоҳи мазкур ширкат варзид. Ҳамчунин, 9-16-уми майи соли 2024 сафари ҳайати Вазорати фарҳанги ҶТ ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии 35-уми китоби Теҳрон ба вуқуъ пайваст.
20.02.2026