4 апрели соли 2014 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок кард.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар минтақа, низоми байналмилалии назорати гардиши маводи нашъаовар, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, оид ба ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзо, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.