Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Парлумони Аврупо

07.04.2014 17:20

7 апрели соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо вакили Парлумони Аврупо Анри Вебер барпо гардид. Дар мулоқот Сафири Фаронса дар Душанбе Дидие Леруа низ ҳузур дошт.

Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо вакили Парлумони Аврупо

Нигористон

Тақвим