Чорабинӣ бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018

14.02.2018 09:05

12 феврали соли 2018, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Кумита оид ба умури байналмилалӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон дар Маркази сиёсии психологӣ чорабинии махсус бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар ҳошияи ин нишаст дар Маркази мазкур гушаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон гузошта шуданд.
Чорабинӣ бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018

 


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим