Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австралия 26 декабри соли 1991 барқарор шудаанд.
Аз 31 январи соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Уилям Гиринг (бо иқомат дар Москва) мебошад.
Соли 2010, дар чаҳорчӯбаи Конфронси Лондон оид ба Афғонистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Австралия мулоқот анҷом дод.
Соли 2012 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд.
Соли 2013, ҳайати Австралия таҳти роҳбарии сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои зиддитеррористӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафар, вохӯриҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, дар соли 2013 сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Австралия анҷом ёфт. Дар ҷараёни ин сафар, мулоқот бо Вазири тиҷорат ва намояндагони созмонҳои давлатии рушди савдои Австралия (AUSTRADE) баргузор гардид. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор анҷом доданд.
Соли 2014, сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Ҳамон сол, ҳайати Австралия бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафар, вохӯриҳо бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Моҳи майи соли 2024, намояндаи махсуси Австралия оид ба Афғонистон, ҷаноби Люсиен Мэнтон, ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд. Ин сафар имконият дод, ки ҷонибҳо дар бораи вазъи минтақа ва роҳҳои ҳамкории минбаъда табодули назар кунанд.
Ҳамчунин, аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Австралия даъватнома барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки аз 10 то 13 июни соли 2024 баргузор гардид, ирсол шуда буд.
Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Австралия дар соли 2024 ба 738,1 ҳазор доллари ШМА баробар гардид.
02.03.2025