6 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати кувайтиро бо роҳбарии Муовини вазири авқоф ва корҳо оид ба дини Давлати Кувайт, роҳбари Маркази байналмилалии “Васатия”Одил Фалоҳ қабул кард.
Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобиларо мавриди муҳокима қарор доданд ва инчунин оид ба масъалаҳои ташвиқи раводории динӣ, гуфтугӯи адён ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.