Вохӯрӣ бо Намояндаи тозатаъйини Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.05.2018 17:51

8 майи соли 2018  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи тозатаъйини Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт.  

Вазири корҳои хориҷӣ О. Гучгелдиевро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно намуд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Вохӯрӣ бо Намояндаи тозатаъйини Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим