Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур 8 декабри соли 1995 барқарор шудаанд. Сафорати Сингапур дар Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Москва мебошад.
Аз 30 – юми март то 2 – уми апрели соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Сингапур қарор дошт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Нимаи дуюми рӯзи 31 – уми март соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сингапур иштирок ва суханронӣ намуд.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 4 санади дуҷониба ташкил медиҳад.
Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни кишварҳо дар соли 2018 ба 2 миллион 524 ҳазор доллари ШМА расид.