6 июли соли 2018 дар Дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ наҳории кории аъзои Гурӯҳи Дӯстони об баргузор гардид.
Зимни мулоқот Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳамчун мизбони ҷаласа оид ба масъалаҳои амалисозии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи болозикр (20-22 июни 2018, Душанбе) маълумоти муфассал пешкаш намуд.
Дар рафти мулоқоти мазкур ҳамчунин масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.