Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят (UNODC) ҷаноби Юрий Федотов

20.07.2018 18:13

19 июли соли 2018 дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Вена  мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Насредин бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят (UNODC) ҷаноби Юрий Федотов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Маркази иттилоот ва ҳамоҳангсозии умури мубориза бо маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ (CARICC), инчунин ҷилавгирӣ аз раванди қочоқи инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо дар пасманзари афзоиши бесобиқаи кишти кӯкнор дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба зарурати таҳким бахшидан ба ҳамкорҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъкид карданд.

Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят (UNODC) ҷаноби Юрий Федотов


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим