Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири Кулли СММ

22.09.2018 14:40

21 сентябри 2018 дар ш. Ню Йорк дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири Кулли СММ Антонио Гутерриш баргузор гардид.

Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ дуруду паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Дабири Кулли СММ расонида, ба ӯ ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар изҳори сипос намуд.      

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаҳои амниятӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ба вежа ҳадафҳои марбут ба об ва беҳдоштро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири Кулли СММ

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири Кулли СММ


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим