Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи СММ оид ба Конвентсияи рафъи табъиз нисбати занон

01.11.2018 18:25

31 октябри 2018 дар чаҳорчӯби иҷлоси 71-уми Конвентсияи рафъи табъиз нисбати занон ҳайати расмии кишвари мо таҳти роҳбарии муҳтарам Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Тоҷикистонро дар хусуси татбиқи Конвенсия зикршуда пешниҳод намуд. Маърӯза ҷанбаҳои асосоии талошҳои Ҳукумати кишварро марбут ба татбиқи муқаррароти он Конвентсияро дар бар гирифт. Ҳайат ҷавобан ба дархости аъзоёни Кумита оид ба тафсилоти бештари бархе аз масъалаҳои марбут ба ин санадҳо посуху тафсилоти худро дод. Дар рафти муколамаи интерактивӣ ҳайат ба саволҳои аъзоёни Кумита дар масъалаҳои нақши занон дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи занон, саҳми фаъолони ҳуқуқи занон, муоинаи тиббӣ ва равонии заноне, ки қурбони хушунати хонаводагӣ шудаанд, таҳияву қабули асноди ҳуқуқӣ дар ин мавзӯъ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи ин гуна аснод, ба шавҳар баромадани духтарони ба балоғат нарасида, ҳифзи ҳуқуқӣ ва кумак ба духтарони мавриди қочок шуда, талоши ҳукумати кишвар ва ҳамкории байнанлмилӣ марбут ба татбиқи ин муқаррароти Нақшаи миллии амал ҷиҳати татбиқи муқаррароти Конвентсияи мазкур, рафти роҳандозии тавсияҳои қаблии Кумитаи СММ оид ба Конвенстияи рафъи табъиз нисбати занон ва ғайра тавзеҳоти худро ироа намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи СММ оид ба Конвентсияи рафъи табъиз нисбати занон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи СММ оид ба Конвентсияи рафъи табъиз нисбати занон


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим