26 ноябри 2018 дар Дафтари женевагии СММ мулоқоти, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаерова доир гардид.
Дар рафти мулоқот ба Котиби иҷроия оид ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар ҳамкориҳо бо Комиссия маълумот дода шуд . Интизор меравад, ки Комиссия дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ба Ҳукумати Тоҷикистон кумаку мусоидати худро фароҳам меоварад. Аз Комиссия даъват ба амал оварда шуд, то барои татбиқи лоиҳаҳои кишвари мо дар соҳаи рушди савдо, мудирияти захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироки фаъол варзад.
Барномаи махсуси СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) алоҳида ёдовар шуд. Иқтидор ва аҳамияти он барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бори дигар тайъид гашт.
Нақши Комиссия дар муаррифии инноватсия ва истифодаи технологияҳои нав чашмрас аст. Бо назардошти он ки, Тоҷикистон ахиран барои ташфиқи истеҳсол ва истифодаи бештари энергетикаи «сабз» иқдоми тоза гирифтааст, дастгирии ташаббуси зикршуда ба Комиссия пешниҳод гашт.
Дар навбати худ Котиби иҷроия аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз талошҳои кишвари мо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор иҳори қаноатмандӣ намуд. Номбурда итминон дод, ки Комиссия дар татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон марбут ба рафъи банду басти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди савдою соҳаи энергетика дастгирии худро таъмин мекунад. Котиби иҷроия аз ибтикори кишвари мо роҷеъ ба ташфиқи энергетикаи «сабз» истиқбол намуда, омодагии Комиссияро дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои муштарак дар ин масъала изҳор намуд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ омаданд, ки ниҳодҳои марбутаи кишвари мо пешниҳодҳои худро ҷиҳати татбиқи муштарак ироа хоҳанд кард.