Иштирок ва суханронии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар

24.06.2014 18:40

24 июни соли 2014, бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар ба кори худ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ, марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо, шаҳру минтақаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат варзиданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дар Форум суханронӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар сатҳи баланд ва ҷалби тамоми ҷонибҳои алоқаманд баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар ба масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Қайд гардид, ки бештар аз 30 намояндагии дипломатӣ ва 14 консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, ҳамкориҳои созанда бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа аз ҷумлаи авлавиятҳои фаъолияти худ эътироф намуда, кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, то ки пайванди ҳамватанони бурунмарзӣ бо Тоҷикистон ногусастанӣ бошад. “Он намояндагиҳо ҳамарӯза дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ҳимоят мекунанд”, зикр намуд Муовини аввали вазир.

Форум ду рӯз давом карда, 25 июн анҷом меёбад.

Иштирок ва суханронии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар

 

Нигористон

Тақвим