27 марти 2019 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ, Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Паймони нерӯ, Урбан Руснак доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паймони нерӯ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ байни ду ҷониб дар самти рушди бахши энергетика, роҳҳои пешгирӣ ва коҳиши хатарҳои энергетикӣ ва тақвияти заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳоро матраҳ намуданд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои ду ҷониб дар бахши энергетика дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.