“Соҳибкории миёна - пайвандгари Олмон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз”. Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар Форуми иқтисодии Наврӯз

28.03.2019 22:33

26 марти соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар музофотҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни ин кишвар дар  шаҳри  Ҳамбург Форуми иқтисодии Наврӯз баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш зери унвони «Соҳибкории миёна-пайвандагари  Аврупо ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз» сиёсатмадорон, соҳибкорон, кафолатдиҳандагони қарзҳои содиротӣ пажӯҳишгарон ва хабарнигорон роҷеъ ба имкони густариши ҳамкориҳои Олмон бо Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар қисмати дуюми форуми иқтисодӣ  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон мизи мудаввар бо иштироки  коршиносон ва намояндагони бахши соҳибкории миёна, ширкатҳои кафолатӣ, идораҳои назоратӣ воридкунандагони молҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо аз иштирокчиёни Форум даъват ба амал овард, ки ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои ҳамкорӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои иқисодӣ, ки қарор аст тӯли соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гарданд, ширкат намуда, бо ҳамтоёни худ оид ба робитаҳои мустақим музокиротҳои судманд анҷом диҳанд.  

Маврид ба зикр аст, ки доираҳои соҳибкории хурду миёнаи Олмон ба густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд буда, хостори пешниҳодоти мушаххаси соҳибкорони тоҷик ва доираҳои иқтисодии кишвар мебошанд.  

Aksi-1.jpg

Aksi-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим