24 марти соли 2019 бо ташаббуси меҳмонхонаи Серенаи Исломобод, дастгирии дафтари СММ дар Покистон бо ҳамоҳангии сафоратҳои кишварҳои “Ҳавзаи Наврӯз”-и муқими Исломобод: Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркменистон, Ӯзбекистон ва инчунин намояндагони табақаҳои гуногуни Покистон, Иди Наврӯз-2019 ҷашн гирифта шуд.
Меҳмони ифтихории чорабинӣ, Президенти Покистон Др. Ориф Алвӣ ҳозиринро табрик намуда ба ҳамагон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод хӯрокҳои миллӣ, суманак сӯзаниҳо, расмҳо, маълумотномаҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, маълумотномаҳо оид ба сайёҳӣ ва маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба маърази тамошобинон гузошт.
Сурудҳо ва рақсҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои фарзандони кормандони Сафорат аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуданд.