Мулоқоти Сафир бо Прокурори генералии Саудӣ

02.04.2019 17:58

31 март Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шайх Сауд Ал-Муъҷаб мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму экстремизм зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Нигористон

Тақвим