Дидорҳои сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Миср

09.04.2019 17:17

8 апрели 2019 Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ Аҳмад Абулғайт Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро  ба ҳузур пазируфт. Дар  мулоқот ду ҷониб зимни изҳори қаноат аз сатҳу муҳтавои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ, рағбат ва омодагии худро ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо таъкид намуданд.

Худи ҳамон рӯз дидори сафири кишвари мо бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури ташрифот Ҳотим Тоҷиддин ва Муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури кишварҳои Осиё ва Уқёнусия Ҳонӣ Салим баргузор гардида, дар ҷараёни он мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Миср мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

misr.jpg

 

Нигористон

Тақвим