2 июли 2014 дар шаҳри Лондон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар назди аъзои Палатаи лордҳои (палатаи боло) парлумони Британияи Кабир, ки ҳамзамон аъзои Гурӯҳи умумипарлумонии дӯстии Тоҷикистону Британияи Кабир мебошанд, суханронӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ дар баромади худ авлавиятҳои асосии рушди Тоҷикистон ва мавқеи кишварро дар масъалаҳои мубрами минтақаву ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Дар вохӯрӣ бо аъзои парлумон оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Британия мубодилаи афкор сурат гирифт ва Вазири корҳои хориҷӣ ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба раиси Гурӯҳи умумипарлумонии дӯстии Тоҷикистону Британия баронесса Вивиен Стерн барои фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуда, хоҳони рушди минбаъдаи робитаҳо байни аъзои парлумони ду кишвар шуд.