Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Фиристодаи махсуси Сарвазири Зеландияи Нав дар Осиёи Марказӣ

04.07.2014 17:22

4 июли соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Фиристодаи махсуси Сарвазири Зеландияи Нав дар Осиёи Марказӣ Ҷим Болҷер ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақа ва дурнамои густариши ҳамкориҳоро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зеландияи Нав дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун иброз намуданд.

Нигористон

Тақвим