Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ дар Қоҳира

22.04.2019 12:54

21 апрели 2019 дар Қоҳира Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. 

 Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ҳузур дошта, Раиси Маркази фарҳангии Русия дар Қоҳира дар бораи аҳаммияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи  фарзандони кишварҳои пасошӯравӣ дар таъмини он пирӯзии таърихӣ ва зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид намуд.

 Дар поёни ҳамоиши мазкур дар бинои Консерваторияи шаҳри Қоҳира консерти тантанавӣ бо иштироки ансамбли “Sweet Sound Band” барпо гардида, дар он сурудҳои маъруфи ватанпарваронаи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ садо доданд.

Egipt.jpg

 

Нигористон

Тақвим