3 июли соли 2014 дар шаҳри Лондон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо намояндагони доираҳои тиҷоратию иқтисодии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Департаменти тиҷорат ва сармоягузориҳои Британияи Кабир (UK Trade & Investment), Гурӯҳи CATBIG (тиҷорат, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ), Бритиш Экспертиз (British Expertise), ширкатҳои саёҳатӣ ва дигар созмону доираҳои иқтисодие, ки ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасманд мебошанд, ҳузур доштанд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такони тоза бахшидан ба ҳамкории иқтисодии ду кишвар ва муайян намудани имкониятҳо ва самтҳои мутақобилан судмандро барои фаъолияти доираҳои соҳибкории Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъкид дошт.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева имкониятҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, доираҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии Британияи Кабирро барои ҳамкории бештар даъват кард.
Дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба рушди соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон ва инчунин дурнамои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ посух дода шуд. Ҳамчунин оид ба ҳолат ва имкониятҳои тавсеаи робитаҳои доираҳои тиҷоратии ду кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.