Консули генералии Тоҷикистон патенти консулиро ба Роҳбари Дафтари Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Дубай супорид

06.05.2019 14:52

6 майи 2019 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва аморатҳои шимолӣ Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Дафтари Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай Абдурраҳмон Ғоним Алмутайвӣ вохурӣ анҷом дода, патенти консулиро дар бораи оғози фаъолият тақдим намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, дар мавриди густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сайёҳиву сармоягузорӣ ва илму фарҳанг миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дубай табодули назар намуданд.

52480-07-05-2019.jpg

15990-07-05-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим