14 майи 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
Ҳангоми мулоқот тарафҳо пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид карданд.