20 майи 2019 дар Душанбе Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ Сафири Туркия дар кишвари мо Алӣ Рафъат Кёксалро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.