20 майи 2019 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим ал-Абдуллоҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин табодули назар пиромуни мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.