29 майи 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Откурбек Ҷамшитов вохӯрӣ намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳоро байни прокуратураҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба маҷмуи васеъи масъалаҳои муштарак табодули назар сурат гирифт.