Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони аврупоӣ

24.07.2014 15:45

24 июли соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатии аврупоӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Ҷониби аврупоиро Сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, Сафири Фаронса Дидйе Леруа, Сафири Олмон Ҳолгер Грэн ва Муовини Сафири Британияи Кабир Ричард Вуд муаррифӣ намуданд. Дар вохӯрӣ инчунин Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов ширкат варзид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид дипломатияи об ва пайрав ба он Конвенсияҳои СММ оид ба обро муҳокима намуданд.

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафирони аврупоӣ

Нигористон

Тақвим