Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ

28.07.2014 18:32

28 июли соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷан Синфен баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷан Синфенро дар сарзамини Тоҷикистон хайру мақдам намуда, барои саҳми шахсиаш дар баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки сол ба сол мукаммалшавии асосҳои ҳуқуқӣ ва абзорҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ дар самти мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм мушоҳида мешавад. Дар ин ҷода, нақши муҳим ҷиҳати таъмини босамари раванди мазкур ба уҳдаи Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ вогузор шудааст.    

Ҳамзамон табодули назар оид ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт, аз ҷумла таваҷҷуҳи хосса ба вазъияти Афғонистон зоҳир гардид.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ

Нигористон

Тақвим