Ҳамватанон дар Берлин Рӯзи ваҳдатро ҷашн гирифтанд

29.06.2019 12:37

27 июни 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин бо иштироки олимону донишҷӯён ва ҳунармандони тоҷики муқими Олмон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумони Олмон Ҳамоиши ҳамватанон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.  

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо зимни суханронии худ аҳаммияти таърихӣ ва сиёсии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро таъкид намуда, ба нақши он дар рушди минбаъдаи сиёсиву иқтисодӣ, бахусус дар рӯзгори орому осудаи мардум ишора намуд.

Зикр гардид, ки талошу заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода таҷассумгари майлу иродаи роҳбарияти олии кишвар ва мардуми сулҳпарвари он дар самти муттаҳидӣ ва якпорчагӣ ба ҳисоб меравад. 
Аз шаҳрвандони тоҷики муқими Аврупо даъват гардид, ки баҳри татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, дар равандҳои рушди босуботи меҳани худ ширкат кунанд ва саҳмгузор бошанд.

Баргузории намоишгоҳи рассомони тоҷик ва маҳфили шеъру суруд бо ширкати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев дар бинои Сафорат таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Берлинро хотирмон намуд.

Нигористон

Тақвим