30 июли соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Босния ва Гертсеговина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Теҳрон) Самир Веладзикро қабул намуд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Босния ва Гертсеговина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
М. Ҳусейнзода Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.