30 июли соли 2019 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Москва) Алфонсо Лопес Кабалероро қабул намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Колумбия, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
М. Ҳусейнзода Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.