27 августи 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украина гуфтугӯ намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Украина дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.